Портал правительства Москвы

Памятка для иностранцев (Таджикский язык)

ЁДДОШТ

барои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ оид ба фаҳмонида додани меъёрҳои қонунгузории Федератсияи Россия, ки ҷавобгариро оид ба ширкат ва мусоидат дар амалҳои террористӣ муайян кардааст.

Муҳтарам шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ!

Шуморо оид ба нораво будани анҷом додани амалҳои хусусияти террористидошта огоҳ менамоем. Ин амалҳо бо фаъолияти террористӣ алоқаманд мебошанд. Ба мисли расонидани кумак ба амалҳои террористӣ дар шакли маблағгузорӣ ё дигар намуди ёрирасонӣ, шомил шудан ба ҳайати ташкилотҳои террористии байналхалқӣ, инчунин пинҳон доштани маълумот дар бораи анҷом дода шудани ҷиноятҳои характери террористидошта ва сари вақт огоҳ накардани политсия, хадамоти федералии амниятӣ, прокуратура ва дигар мақомоти давлатӣ. Барои анҷом додани ҷиноятҳои зикршуда ҷавобгарии ҷиноятӣ то ҳабси якумра пешбинӣ шудааст.

Мутобиқ ба Қонуни Федералӣ “Дар бораи муқовимат бо терроризм” аз 06.03.2006 таҳти № 35-ФЗ терроризм гуфта, идеологияи зӯроварӣ ва амалан таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳал ва ё ташкилотҳои байналхалқӣ фаҳмида мешавад, ки бо усулҳои тарсонидани аҳолӣ ва ё дигар намудҳои амалҳои хусусияти зӯроваридошта, ба мисли расонидани зарари чашмраси моддӣ, ё оқибатҳои вазнини дигардошта алоқманд аст.

Фаъолияти террористӣ чунин амалҳоро дар бар мегирад:

1) ташкил, банақшагирӣ, омодагӣ, маблағгузорӣ ва татбиқи амали террористӣ;

2) таҳрик додан ба амали террористӣ;

3) ташкили гурӯҳи яроқноки ғайриқонунӣ, ҷамъияти ҷинояткор (ташкилоти ҷиноятӣ), ташкили гурӯҳ оид ба анҷом додани амали террористӣ, инчунин ширкат дар ҳайати чунин сохтор;

4) ҷалбкунӣ, яроқноксозӣ, омӯзонидан ва истифода бурдани террористон;

5) кумаки иттилоотӣ ва ё дигар намуди ёрӣ расонидан дар нақшагирӣ, тайёрӣ ва татбиқ кардани амали террористӣ;

6) тарғиби ғояи терроризм, паҳн кардани маводҳо ё иттилоот, ки ба анҷом додани амалиёти террористӣ даъват мекунад, ё худ ҳатман анҷом додани ин гуна амалиётро асоснок ва ё дуруст меҳисобад.

Амалиёти террористӣ гуфта, тарконидан, сӯзонидан ва дигар амалҳое, ки ба хотири вайрон кардани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ё ташкилотҳои байналхалқӣ, ё барои таъсиррасонӣ ба қабули қарорҳо аз ҷониби онҳо, ё худ таҳдиди анҷом додани амалҳои террористӣ ба ҳамин мақсад, ки ба тарсонидани аҳолӣ равона карда шудаанд, хатари марги инсонро дар пай дорад, зарари чашмрас мерасонад, ё худ дигар оқибатҳои фоҷеабор дорад, фаҳмида мешавад.

Дар Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия боби пурра оид ба “Ҷиноят бар зидди бехатарии ҷамъиятӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ” ҷой дода шудааст, ки моддаҳои ин боб ҷавобгарии ҷиноятиро оид ба анҷом додани ҷиноятҳои характери террористидошта пешбинӣ мекунанд.

Моддаи 205. Амалиёти террористӣ

1. Содир намудани таркиш, сӯхтор, ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият ё ташкилотҳои байналхалқӣ қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор, агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил анҷом дода шуда бошад;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон гардида бошад;

в) зарари ҷиддӣ ё оқибатҳои вазнин дошта бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

3) Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум, дуюми ҳамин модда, агар онҳо:

а) бо таҳдиди истифодаи энергияи атомӣ, яроқи қатли ом, маводи радиоактивӣ, ё манбаъҳои афканишоти радиоактивӣ ё ки заҳрӣ, заҳролудкунанда, токсикӣ, ашёҳои хатарноки кимиёвӣ ё биологӣ алоқаманд ҳастанд;

б) қасдона боиси марги одам гардидаанд,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол, ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ. Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори терористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 205.1. Ёрӣ расонидан ба фаъолияти террористӣ

1. Ҷалб кардани шахс ё дигар намуди ҳамроҳкунӣ барои содир намудани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои дар моддаҳои 205.2, қисмҳои якум ва дуюми моддаҳои 206 ва 208, қисми як ва сеи моддаи 211, моддаҳои 220,221,277,278,279 ва 360 КҶ ФР, яроқноккунӣ ва омода кардани шахс барои анҷом додани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои нишондодашуда-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то понздаҳ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад ҳазор рубл ҷазо дода мешавад.

1.1. Ҷалб кардани шахс ё дигар намуди ҳамроҳкунӣ барои содир намудани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои дар моддаҳои 205, 205.3, 205.4, 205.5, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 206, қисми чоруми моддаи 211 КҶ ФР, яроқноккунӣ ва омода кардани шахс барои анҷом додани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои нишондодашуда, баробар бо маблағгузории терроризм-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол бо ҷарима ба андозаи аз сесад ҳазор рубл то ҳафтсад ҳазор рубл ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

2. Кирдори дар қисми якум ва ё якуми 1-и моддаи мазкури аз тарафи шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то бист сол бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад ҳазор то як миллион рубл ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

3. Кумак расонидан барои содир намудани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои дар моддаи 205, қисми сеи моддаи 206, қисми яки моддаи 208 КҶ ФР,-

ба муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

4. Ташкил барои анҷом додани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои дар моддаҳои 205, 205.3, қисми се ва чори модда 206, қисми чори моддаи 211 КҶ ФР, ё роҳбарӣ барои анҷом додани он, баробар ба ташкили маблағгузории терроризм, -

ба муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ аз понздаҳ то бист сол, ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ. 1. Зери мафҳуми терроризм дар КҶ ФР фаҳмида мешавад: пешниҳод намудани воситаҳо, ё расонидани хизматрасонии молӣ бо дарки он ки онҳо барои ташкили маблағгузорӣ, тайёрӣ ва анҷом додани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои дар моддаҳои 205,205.1, 205.2, 205.3, 205.4, 205.5, 206, 208, 211, 220, 221, 277, 278, 279 ва 360 КҶ ФР пешбинишуда, ё худ барои маблағгузорӣ ё таъмини моддии шахс барои анҷом додани ҳадди ақал яке аз ин ҷиноятҳо, ё барои таъмини гурӯҳи муташаккил, гурӯҳи ғайриқонунии яроқнок, ҷамъияти ҷинояткор (ташкилоти ҷиноятӣ)-и барои анҷоми ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳои мазкур созмондодашуда ё созмон додамешуда.

1.1. Зери мафҳуми “кумак расонидан” дар моддаи мазкур мусоидати бошуурона барои анҷом додани ҷиноят, маслиҳатҳо, пешниҳоди иттилоъ, восита ва яроқ барои анҷом додани ҷиноят ё аз байн бурдани монеаҳо барои анҷом додани ҷиноят, инчунин ваъда барои пинҳон доштани ҷинояткор, изҳои ҷиноят ё ашёи ҷиноятсодиркардаи бо роҳи ҷиноятӣ ба дастомада, баробари ба даст овардан ва фурӯхтани чунин ашёҳо фаҳмида мешавад.

Моддаи 205.2. Даъвати оммавӣ барои анҷом додани фаъолияти террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ё тарғиби терроризм

1. Даъвати оммавӣ барои анҷом додани фаъолияти террористӣ, сафедкунии оммавии терроризм ё тарғиби терроризм -

ба муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

2. Анҷом додани ҳамин кирдор бо истифодаи васоити ахбори умум, ё шабакаҳои электронӣ ё иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла “Интернет”,-

ба муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад .

Эзоҳ. 1. Дар моддаи мазкур зери мафҳуми сафедкунии оммавии террорризм фаҳмида мешавад: изҳори оммавӣ оид ба дуруст хондан ва эътироф кардани идеология ва таҷрибаи терроризм, ки ба дастгирӣ ва ҷонибдорӣ ниёз дорад.

1.1. Дар ҳамин модда зери мафҳуми тарғиби терроризм фаҳмида мешавад: фаъолияте, ки ба паҳн кардани маводҳо ва (ё) иттилоот, ки дар шахс идеологияи терроризмро ба шакл медарорад, ба ҷазобият он бовар мекунонад ва ба имкони бурдани фаъолияти террористӣ таҳрик медиҳад.

2. Дар ҳамин модда зери мафҳуми фаъолияти террористӣ фаҳмида мешавад: анҷом додани ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳо, ки дар моддаҳои 205 - 206, 208, 211, 220, 221, 277, 278, 279, 360, 361 КҶ ФР пешбинӣ шудааст.

Моддаи 205.3. Гузаштани таълим барои амалисозии фаъолияти террористӣ

Шахсе, ки бошуурона таълим мегузарад барои анҷом додани фаъолияти террористӣ ё яке аз ҷиноятҳои дар моддаҳои 205.1, 206, 208, 211, 277, 278, 279, 360 ва 361 КҶ ФР пешбинишуда, ба ин хотир дониш, малака ва маҳорат мегирад, омодагии ҷисмонӣ ва психологӣ мебинад, қоидаҳои истифода аз яроқ, маводи тарканда, заҳролудкунанда ва дигар маводҳову ашёҳо, ки барои дигарон хатар эҷод мекунад, меомӯзад, -

ба муҳлати маҳрум сохтан аз озодӣ аз понздаҳ то бист сол ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ. Шахси ҷиноят содирнамуда мутобиқи моддаи мазкур, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад, агар ба мақомоти ҳокимият оид ба таҳсилаш дар мактабе, ки барои анҷом додани фаъолияти террористӣ хабар додааст, ё оид ба ҳадди ақал яке аз ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 205.1, 206, 208, 211, 277, 278, 279, 360 ва 361 КҶ ФР нишон дода шудааст, иттилоъ додааст, ки барои ошкор кардани ҷиноятҳои дигар ё дарёфти ашхоси чунин таҳсилкардаи дигар, ташкилкунанда, маблағгузори чунин таҳсилҳо, инчунин ҷойи баргузории ин гуна таҳсилҳо мусоидат намудааст, ба шатре ки дар таркиби амали ӯ ҷиноятҳои дигар набошад.

Моддаи 205.4. Ташкили иттиҳоди террористӣ (ташкилоти террористӣ) ва ширкат дар он

1. Ташкили иттиҳоди террористӣ ин гурӯҳи мустаҳками ашхос, ки қаблан барои анҷом додани фаъолияти террористӣ, ё худ барои омодагӣ дидан ва амалӣ намудани як ё якчанд ҷиноятҳои дар моддаҳои 205.1, 205.2, 206, 208, 211, 220, 221, 277, 278, 279, 360 ва 361 КҶ ФР муттаҳид шудаанд, ё ҷиноятҳои дигар бо мақсади тарғиб, сафедкунӣ ва дастгирии терроризм, баробари роҳбарии чунин иттиҳоди террористӣ, ё қисмате аз зерсохторҳои он, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол бо ҷарима ба андозаи аз як миллион рубл ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

2. Иштирок дар иттиҳоди террористӣ -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад ҳазор рубл ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ. 1. Шахсе, ки ихтиёран ба мақомоти ҳокимият оид ба иштирокаш дар иттиҳоди террористӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) иттилоъ дода, барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Ихтиёран бас кардани фаъолият дар иттиҳоди террористӣ ҳисобида намешавад, агар шахс ҳангоми анҷоми чунин фаъолият боздошт шуда бошад, ё худ нисбати ӯ парвандаи истеҳсолӣ ҳангоми тафтишот боз шуда бошад, ё дигар амалҳои мурофиаи судӣ иҷро шуда бошанд.

2. Зери мафҳум “дастгирии терроризм” дар моддаи мазкур, дар пункти “р” қисми яки моддаи 63 ва эзоҳ ба моддаи 205.2 КҶ ФР расонидани хизмат, тариқи моддӣ, молӣ ва ё дигар кумакҳо, ки ба амалишавии фаъолияти террористӣ мусоидат мекунанд, фаҳмида мешавад.

Моддаи 205.5. Ташкили фаъолияти ташкилоти террористӣ ва ширкат дар фаъолияти чунин ташкилот

1. Ташкили фаъолияти ташкилоте, ки мутобиқ ба қонунгузории Федератсияи Россия террористӣ эътироф шудааст, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз понздаҳ то бист сол бо ҷарима ба андозаи то як миллион рубл ё ҳабси якумра ҷазо дода мешавад.

2. Ширкат дар фаъолияти ташкилоте, ки мутобиқ ба қонунгузории Федератсияи Россия террористӣ эътироф шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо ҷарима ба андозаи то панҷсад ҳазор рубл ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ. Шахси бори аввал ҷинояти дар ин модда содиркарда ва ихтиёран иштироки худро дар фаъолияти ин гуна ташкилот баскарда, ки мутобиқ ба қонунгузории Федератсияи Россия террористӣ эътироф шудааст, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Ихтиёран бас кардани фаъолият дар иттиҳоди террористӣ ҳисобида намешавад, агар шахс ҳангоми анҷоми чунин фаъолият боздошт шуда бошад, ё худ нисбати ӯ парвандаи истеҳсолӣ ҳангоми тафтишот боз шуда бошад ё дигар амалҳои мурофиаи судӣ иҷро шуда бошанд.

Моддаи 208. Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва ширкат дар он

1. Ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ (иттиҳодия, отряд, дастаҳо ё дигар гурӯҳҳо), ки дар қонуни федералӣ пешбинӣ нашудааст, ҳамчунин роҳбарӣ ба ин гуна воҳидҳо ё маблағгузорӣ дар онҳо,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз даҳ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2. Иштирок дар воҳидҳои мусаллаҳ, ки қонуни федералӣ пешбинӣ накардааст, инчунин ширкат дар воҳидҳои мусаллаҳ дар ҳудуди давлати дигар, ки қонунгузории ҳамон давлат пешбинӣ нанамудааст, бо мақсади зид буданаш ба манфиатҳои Федератсияи Россия, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 211. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби киштии ҳавоӣ, обӣ ё қатори роҳи оҳан

Қисми 4. Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан ё ғасби киштии ҳавоӣ, обӣ ё қатори роҳи оҳан, ҳамчунин ғасби чунин киштӣ ё қатор бо мақсади ғайриқонунӣ ҳай карда бурдан, баробар ба ғасби чунин киштии ҳавоӣ, обӣ ё қатори роҳи оҳан бо мақсади ҳай карда бурдан, ки бо анҷом додани амалиёти террористӣ ё ба амалбарории фаъолияти террористӣ алоқаманд аст, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз понздаҳ то бист сол, ё ҳасби якумра ҷазо дода мешавад.

Моддаи 277. Сӯйиқасд ба ҷони ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ

Сӯйиқасд ба ҷони ходими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ба хотири фаъолияти давлатӣ ё сиёсии ӯ, ё аз рӯйи қасосгирӣ барои чунин фаъолият,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол, ё ҳасби якумра, ё ҳукми қатл ҷазо дода мешавад.

Моддаи 278. Маҷбуран ғасби ҳокимият ё маҷбуран нигоҳ доштани ҳокимият

Фаъолияти ба маҷбуран ғасби ҳокимият ё маҷбуран нигоҳ доштани ҳокимият бо вайрон кардани Конститутсияи Федератсияи Россия, баробар ба маҷбуран тағйир додани сохти конститутсионии Федератсияи Россия равона карда шудааст,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 279. Исёни яроқнок

Ташкили исёни яроқнок ё худ ширкати фаъолона дар он ба хотири сарнагун кардан ё маҷбуран тағйир додани сохти конститутсионии Федератсияи Россия, ё вайрон кардани ягонагии ҳудудии Федератсияи Россия -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Моддаи 360. Ҳамла ба шахсон ё ташкилоте, ки зери ҳимояи байналхалқӣ қарор доранд

1. Ҳамла ба намояндаи давлати дигар ё корманди ташкилоти байналхалқӣ, ки зери ҳимояи байналхалқӣ қарор доранд, баробар ба бинои хизмативу истиқоматӣ, ё воситаи нақлиёти шахсони аз ҳимояи байналхалқӣ истифодабаранда, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то шаш сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор агар бо мақсади барангезии ҷанг ё муташанниҷ кардани муносибатҳои байналхалқӣ анҷом дода шуда бошад, -

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то даҳ сол ҷазо дода мешавад.

Агар Шумо дар бораи ташкил додан, ба нақша гирифтан ва тайёр намудани амалиёти террористӣ, иғвогарӣ ба амалиёти террористӣ, кӯмакрасонӣ ба он, аз он ҷумла маблағгузаронӣ, дохил шудан (ҷалб намудан) ба сафи ташкилотҳои террористии байналмилалӣ, таблиғи ғояи терроризм, паҳн намудани маводи ва иттилооте гуногун, ки зарурати чунин фаъолиятро сафед намуда ба он ҷалб менамояд, пайдо намудед,

БЕПАРВО НАБОШЕД!

ба телефонҳои зерин хабар диҳед:

ХФА-и Русия (Хадамоти федералии амният):

8 (495) 224-22-22 8 (800) 224-22-22 (шабонарӯз)

Раёсати ХФА-и Русия доир ба ш.Маскав ва вилояти Маскав

8 (495) 625-28-19 (шабонарӯз)

Хадамоти боварии Сарраёсати ВКД-и Русия доир ба ш.Маскав

8 (495) 694-92-29 (шабонарӯз)

Тамоси фаврии Прокуратураи ш.Маскав

8 (499) 112-37-55 (ҳар рӯз аз соати 8:00 то соати 21:00)

ё ба ягон ба корманди Ташкилоти хусусии амниятӣ

Марказ оид ба муқовимат бо экстремизми

Саридораи Вазорати корҳои дохилии

Федератсияи Россия дар шаҳри Москва


Если вы нашли ошибку: Выделите текст и нажмите Ctrl+Enter